Навбатпойӣ назди хазинаҳои билетфурӯшӣ торафт зиёд мешавад

Навбатпойӣ назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе торафт зиёд мешавад. Ҳоло ҳам садҳо нафар мехоҳанд, ки ба парвозҳои доимӣ ба Русия билет харанд. Нархи билетҳо ба Маскав расман дар ҳудуди 350 доллар муқаррар шуда, лекин ба гуфти шоҳидон, ба онҳо нархи бамаротиб аз ин зиёдтарро мегӯянд. Ахиран ин мушкилот дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Азамат Зиёев, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Навбатпойӣ назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе торафт зиёд мешавад. Ҳоло ҳам садҳо нафар мехоҳанд, ки ба парвозҳои доимӣ ба Русия билет харанд.

Нархи билетҳо ба Маскав расман дар ҳудуди 350 доллар муқаррар шуда, лекин ба гуфти шоҳидон, ба онҳо нархи бамаротиб аз ин зиёдтарро мегӯянд.

Ахиран ин мушкилот дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб шуда, мардуми назди хазинаҳо аз мусоҳиба ҳарос доранд ва намехоҳанд “чизи зиёдатие аз забонашон барояд”.

Яке мегӯяд, касонеро, ки мусоҳибаи видеоӣ додаанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор намуда, бо онҳо суҳбат гузаронидаанд. Дигаре изҳор намуд, ки аз мусоҳиба доданаш фоидае несту чизе тағйир ҳам намеёбад.

Маълумоти бештарро дар ин навор бубинед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.