Як зина боло рафтани Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) имсол бори нахуст рейтинги тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1144 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 120-умро ишғол кардааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, мунтахаби футболи Тоҷикистон имсол дар Дубай бо тими Урдун ду бозӣ (0:2 ва 1:0) ду бозӣ гузаронид. Дар раддабандии моҳи декабри соли […]

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) имсол бори нахуст рейтинги тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1144 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 120-умро ишғол кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, мунтахаби футболи Тоҷикистон имсол дар Дубай бо тими Урдун ду бозӣ (0:2 ва 1:0) ду бозӣ гузаронид.

Дар раддабандии моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 121-ум қарор дошт. Он замон дастаи Тоҷикистон 1143 имтиёз дошт, ки 5 имтиёз зиёдтар аз моҳи ноябри соли 2020 аст.

Миёни кишварҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон (зинаи 27-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1496 имтиёз дастаи Эрон (29-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1465 хол (38-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, дар Осиё – ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 85-ум ҷойгир шудааст.

Бозии наздиктарини худро мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи Муғулистон мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 18:00 оғоз мегардад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.