НЕРӮИ ЗАН #1: Маҳпора дар бораи мардӣ, рӯзноманигорӣ, духтари президент ва вазири меҳнат

Asia-Plus

Asia-Plus фасли нави лоиҳаи "Тавоноӣ дар чист, хоҳар?" ("В чем сила, сестра?")-ро пешниҳод мекунад. Агар ба хотир дошта бошед – ин мусоҳибаҳо бо занони тавоно, дурахшон ва муваффақи кишвар буд. Қаҳрамонони мо чизеро матраҳ мекарданд, ки онҳоро ва ҳамчунин ҷомеародар ин рӯзҳо ташвиш медиҳад.

Фасли нави ин лоиҳа бо  тоҷикӣ роҳандози шуда, “Нерӯи зан” ном гирифтааст ва муҷрияш ровии шинохта ва мудири радиои Asia-Plus Манижа Аҳмадова аст.

Манижа ба хулоса омад, ки мусоҳибаи аввалро бо муҷрии фасли гузаштаи лоиҳа Маҳпора Киромова баргузор кунад. Маҳпора худ шахси муваффақест, ки соли гузашта корҳои бисёре дар бахши  расонаҳо анҷом дод ва паҳлӯйи дигари шахсияти худро муаррифӣ кард.Ӯ ба унвони коргардон чанд филмҳои кӯтоҳи мустанад дар мавзуъҳои мухталифи иҷтимоӣ таҳия карда буд. Дар натиҷагирии соли 2020 бошад Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ӯро “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол” баргузид.

Дар ин барнома мусоҳибон ба ин мавзуъшо пардохтаанд:

Рӯзноманигории иҷтимоӣ – барои матраҳ кардани мушкилоти ҷомеа “рӯзноманигори зан” ба душворӣ  рӯ ба рӯ мешавад ё “рӯзноманигори мард”?

Чаро Маҳпора ба таҳияи филмҳои мустанад пардохт?

Корро дар баробари тарбияи се писар чӣ гуна  пеш мебарад? 

Чаро ӯ пеш духтари орому камсухан буд, имрӯз ӯро чӣ чизе куллан тағйир дод?

Ҳамчунин: оё шеърҳои модарашро аз ёд медонад ва дар кӯдакӣ субҳҳо, вақте аз хоб бедор мешуд чӣ саҳнаеро дар хона мушоҳида мекард?

Матлаби мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

ASIA-PLUS БА БИЗНЕС-МАҶМААИ REGUS БАРОИ МАКОНИ МУСОҲИБА ИЗҲОРИ МИННАТДОРӢ МЕКУНАД!

Regus иҷораи Дафтарҳои комилан омода, Хона барои гуфтушунид ва Коворкинг пешниҳод мекунад. Бо хизматрасонии пурраи шабонарӯзӣ, бо шартномаи кӯтоҳ – ва ё дарозмуддат. Барои фаъолияти беташвишу натиҷаноки шумо!

Рақам барои маълумоти пурра: +992 988607007

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...