Тарҳи “Тавоноӣ дар чист, хоҳар”-и “Азия-Плюс” бо қаҳрамонҳову ному муҷрии нав бармегардад

Тарҳи видеоии моро  бо дурахшонтарин, муваффақтарин ва маъруфтарин занҳои кишвар дар хотир доред? Он барои бинандаҳо бисёр писанд омада буд ва аз ин рӯ, “Азия-Плюс” қарор дод онро дубора роҳандозӣ кунад.  Танҳои ин бор бо номи “Неруи зан”. Дар ҳоли ҳозир ин нахустин ва ҳоло ягона тарҳи мо дар қолаби мусоҳибаи видеоии комил аст, ки […]

Тарҳи видеоии моро  бо дурахшонтарин, муваффақтарин ва маъруфтарин занҳои кишвар дар хотир доред? Он барои бинандаҳо бисёр писанд омада буд ва аз ин рӯ, “Азия-Плюс” қарор дод онро дубора роҳандозӣ кунад.  Танҳои ин бор бо номи “Неруи зан”.

Дар ҳоли ҳозир ин нахустин ва ҳоло ягона тарҳи мо дар қолаби мусоҳибаи видеоии комил аст, ки ин ҷо занҳои неруманд дар бораи ҳама чиз: аз  нигарониҳои умдаи шахисяшон то масоили доғи кишвар мегӯянд.

Мо чиро намоиш медиҳем?

Мо 12 мусоҳибаи видеоиро дар назар гирифтаем. Ин бор мусоҳибаҳо тоҷикӣ мешаванд. Дар ин баробар дар мавсими дуюм мо ҳадаф дорем, ки на танҳо бо фаъолони маъруфи иҷтимоӣ, роҳбарони созмонҳои маданиву тиҷоратӣ, балки бо занҳои “муқаррарӣ”-и хонашин, модарони серфарзанд, хиёбонрӯб, дониҷҷӯйҳо, варзишгарбонувон, блогнависон ва ҳунарпешаҳову ошпазҳо низ суҳбат кунем.

Мо бовар дорем, ки ҳар кадоме аз ин занҳо мавҷи комиле аз аҳсосот, дард, орзуҳои инсонии сода доранд, ки маъмулан ба ҳеч касе намегӯянд. Мо мехоҳем садои онҳо шунида шавад, онҳо ҳарфе барои гуфтан доранд.

Шумо чӣ чизҳои нави дигареро мебинед?

Муҷрии нав – мудири радиои «Азия-Плюс» Манижа Аҳмадова.

Қаҳрамони нав кист?

Рамзӣ аст, ки он муҷрии пешини лоиҳа, рӯзноманигор, муаллифи якчанд филмҳои мустанад ва фотофилмҳо Маҳпора Киромова хоҳад буд.

Бо ӯ мо дар бораи он суҳбат мекунем, ки чӣ гуна ӯ фурсат меёбад ба танҳои се писарро тарбия  ва лоиҳаҳои муваффақро иҷроӣ кунад. Ва дар бораи ин ки то куҷо барои як зан мушкил аст, ки худро дар ҷомеаи Тоҷикистон бисозад. Дар бораи вокунишҳои бархоста бар сари фили “Мардикор” ва дар бораи суҳбатҳои ӯ бо вазири меҳнат баъди нашри ин филм.

Ҳамин тавр, нашри якуми моро метавонед, имрӯз, 10 апрел, соати 19.00 дар ин ҷо, бахши тоҷикии сайти asiaplus.news бибинед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.