Лигаи қаҳрамонҳои КФО: “Истиқлол” ба Ар-Риёз расид

Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе нимаи аввали рӯзи 11 апрел ба Арабистони Саудӣ расид. Дар ин ҷо даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021, ки дар шакли мутамарказ доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре дафтари матбуоти даста хабар медиҳад, бозии аввали даври гурӯҳии қаҳрамони футболи Тоҷикистон рӯзи 15 апрел доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар гурӯҳи “А”-и марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 “Истиқлол” бо дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва тими АГМК (Ӯзбекистон) рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар як вақт – соати 22:00 (00:00 бо вақти Душанбе) оғоз гардида, дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи байнулмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд ва Варзишгоҳи ба ном Шоҳзода Файсал бинни Фаҳд дар шаҳри Ар-Риёз баругзор мешаванд.

Дар бозии нахустини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи пурнуфузарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 15-уми апрел бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел баргузор хоҳад шуд.

Тибқи Тартиби баргузории ин мусобиқа, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Дар ҳайати тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи пурнуфузтарини Осиё дар минтақаи Шарқ 24 бозингар, аз ҷумла 4 легионер аз Украина, Ҷопон ва Голландия бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи “Истиқлол”-ро дар фурудугоҳ намояндагони Кумитаи тадорукоти Лигаи қаҳрамонҳо ва кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон таҳти сарварии сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ самимона истиқбол намуданд. Ҳамаи аъзои ҳайат бо расидан ба меҳмонхона тести сироят аз коронавирус супориданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...