Паёми рамазонии Эмомалӣ Раҳмон: аз болоравии нархҳову ҳушдорҳо то садақаву рӯзахуриву ҳадиси Паёмбар

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон мардуми кишварро  дар як паёми шодбошӣ табрик гуфта, даъват кард, ки бар пайи буҳронҳои омада мардум бояд бештар кор ва захира кунанд. Дар ин паёми шодбошӣ президенти Тоҷикистон зимни табрики мардум, ки ба ҳама "нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу" […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон мардуми кишварро  дар як паёми шодбошӣ табрик гуфта, даъват кард, ки бар пайи буҳронҳои омада мардум бояд бештар кор ва захира кунанд.

Дар ин паёми шодбошӣ президенти Тоҷикистон зимни табрики мардум, ки ба ҳама "нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу" кардааст, ҳамчунин аз пурчолиш омадани соли 2021 низ ҳушдор медиҳад. 

"Соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид – 19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Рамазонро дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво номида, гуфтааст, ки дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми табрикии рамазонияш ба масъалаи боло рафтани нархҳо низ таваҷҷуҳ карда гуфтааст, ки сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд шаванд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад".

Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди боло бурдани нарз ҳамчунин ҳадисеро низ аз Паёмбари ислом овардаас «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Дар ин паёми шодбошияш президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад.

"Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд. Саломатӣ сарвати бебаҳо ва умр неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри онҳо расад",-гуфтааст расиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фазилатҳои дигари ин моҳ ишора карда аз шахсони дорову сарватманд хостааст, ки ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.

Раисҷумҳур исрофкориву зоҳирпарастии мардумро низ маҳкум карда ба риояи  қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.