Даргузашти домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ руҳонии саршиноси Тоҷикистон: АКС

Asia-Plus

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз руҳониёни маъруф ва олимони пурнуфуз ва пурпайрави исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, имшаб дар сини 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳаводорони ӯ ва корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд. 

Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ руҳонии саршинос ва яке олимони маъруф ва машҳур Тоҷикистон буд, ки соати 11 шаби 13-уми апрели соли 2021 дар зодгоҳаш, деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод даргузашт. Тибқи хабарҳои дарёфтӣ, қарор аст намози ҷанозаи ин руҳонии маъруф соати 10.00 рӯзи 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмон баргузор шавад.

Ин руҳонии саршинос, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи исломи суннатӣ дар Тоҷикистон эътироф мешуд, ҳамчунин дар миёни раҳбарони сиёии Тоҷикистон эҳтиром махсусе дошт. Аз ҷумла ӯ борҳо мардумро барои дастгирӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои раисҷумҳур даъват карда буд. Ӯ чанд сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи президент дуо кунанд.

Радиои "Озодӣ" менависад, ки "вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ… дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад", – гуфта буд ӯ". 

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояш ба минтақаи Рашт ба дидани ин олими дин мерафт. 

Домулло Ҳикматуллоҳ таълимоти ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ яке аз улуамои маъруфи даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон, ба таҳсил пардохтааст. Ӯ муаллифи бештар аз 10 китоб дар масоили гуногун ва мавзуъоти динӣ буд.

Ҳикматуллоҳи Тоҷикибодиро ҳамчунин яке аз пешвоёни тариқати нақшбандияи тасаввуф дар Тоҷикистон медонистанд. Ба эътирофи чеҳраҳои маъруфи динӣ Домулло Ҳикматуллоҳ яке аз панҷ руҳоние буд, ки аз Эшони Абдураҳмонҷони Файзободӣ руҳонии пурнуфузи тоҷик дар замони Шӯравӣ  «хати иршод» дарёфта буд, ки дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба симати пирони тариқати Нақшбандия фаъолият мекарданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...