Истаравшан: барканории мудири гимназияе, ки чанд хонандааш дар ҳамкорӣ бо терроризм гумонбар мешаванд

Манзура Ҳамдамова, мудири гимназияи рақами  5-и шаҳри Истаравшан, ки чанд хонандаи он бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро боздошт шуда буданд, аз вазифа барканор шудааст. Ба ҷойи ӯ сардори барканоршудаи Раёсати маорифи шаҳр, ки гуфта мешуд дар пайи ин қазия аз мансаб рафтааст, таъин шудааст.   Аммо Манзура Ҳамдамова мегӯяд, ки ӯро барканор накардаанд, балки ӯ […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Манзура Ҳамдамова, мудири гимназияи рақами  5-и шаҳри Истаравшан, ки чанд хонандаи он бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро боздошт шуда буданд, аз вазифа барканор шудааст. Ба ҷойи ӯ сардори барканоршудаи Раёсати маорифи шаҳр, ки гуфта мешуд дар пайи ин қазия аз мансаб рафтааст, таъин шудааст.  

Аммо Манзура Ҳамдамова мегӯяд, ки ӯро барканор накардаанд, балки ӯ бо хоҳиши худ аз вазифа рафтааст. 

Ин дар ҳолест, ки 12-уми апрел зимни як ҷаласае дар раёсати маорифи Истаравшан Манзура Ҳамдамова аз мақоми директори Гимназияи 5-и ин шаҳр сабукдӯш шудааст. Ба ҷойи ӯ сардори пешини Раёсати маорифи Истаравшанро муаррифӣ кардаанд, ки ӯ низ дар пайи як фармони Вазири маорифи Тоҷикистон аз ин мақом барканор шуда буд.

Таъину барканории мудири маориф ва мудири гимназия дар Истаравшан дар пасманзари қазияи боздошти ду хонандаи ин гимназия ва як хонандаи мактаби дигари Истаравшан бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро сурат мегирад, ки сару садоҳоеро эҷод кардааст. 

Ин се мактабхон бо гумони посух додан ба даъвати гуруҳҳои ифротгаро, гузоштаи лайк ба ҷонибдорияшон дар шабакаи интернетӣ ва далелҳои дигари ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳо боздошт шуда буданд. Радиои "Озодӣ" бо такя ба як манбааш навишта буд, ки гӯё бо гумони робита доштан бо созмони дар Тоҷикистон мамнуъи "Гуруҳи 24" боздошт шудаанд. 

Аммо Манзура Ҳамдамова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт барканорияш ба ин ҳодиса рабте надорад ва ӯ ишора ба паҳлӯҳои дигари қазия мекунад, ки ба гуфти худаш намехоҳад дар он маврид суҳбат кунад.

“Ман 10-уми апрел аризаи аз кор рафтанамро навиштам, рӯзи душанбе фармони барканориямро хонданд ва рафтанам ба ҳодисаҳои ҳафтаи ахир умуман рабте надорад. Бисёр чиз ҳаст ,лекин намехоҳам рӯйи онро кушоям. Имрӯз ман бо рӯҳияи хуб ҳамчун муаллимаи забон ва адабиёт ба кор оғоз кардам. Ин беҳтар аз он ки роҳбар шавию дар бало печӣ ва ё ба бало печонанд. Шояд он ҳодиса  барои дигарон як баҳонае шуд, ки ман равам”.

Вале як омӯзгори дигари ин гимназия, ки аз қазияи аз мақоми мудирӣ рафтани Манзура Ҳамдамова огаҳ аст мегӯяд, ӯ бо хоҳиши худ нарафтааст.

“Аввал мегуфтанд, ки сабаби рафтани ин кас ба он хонандаҳое, ки ба ифротгароӣ гумонбар дониста шуд буд алоқаманд аст ва эътибори муаллимаро паст заданд. Лекин ин исбот шуд ё не норӯшан аст. Он касро гуфтанд, ки ту ҳуқуқи директорӣ кардан надорӣ ва ариза нависеду равед. Вале имрӯз эълон карданд, ки бо сабаби вазъи саломатӣ аз мақоми директорӣ озод шуданд”.

Аммо аз Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан далели аслии барканориҳои як ҳафтаи ахирро шарҳ надодаанд, ки ин кор дар пайи қазияи боздошти хонандагон сурат мегирад ва ё не.                         

Аммо Диловар Азимов сардори барканоршудаи раёсати маориф ва ҳамакнун директори нави гимназияи 5 мегӯяд вазифаи директори муассисаи таълимӣ интихобӣ нест, балки таъинотӣ мебошад. Ӯ низ рӯзи 15-уми феврал бо хоҳиши худ аз мақоми мудири маорифи Истаравшан рафтааст, вале таъкид мекунад, ки барканорияш ба қазияи хонандагон рабт надорад.

 “Аз ман пурсиданд ман гуфтам хоҳиши аз вазифаи мудири маориф рафтан дорам чункин 3 сол ба ҳайси мудир кор кардам. Ва хоҳиш кардам аз вазифам озод кунанду шахси дигарро интихоб кунанд. Ман худам ариза навиштам ба Вазири маориф пешниҳод кардам, гуфтам мехоҳам ба дигар вазифа гузарам”.

Оғози моҳи апрел боздошти се мактабхон дар Истаравшан расонаӣ шуд, вале то ҳол Раёсати маориф ва ё ниҳоди марбут ба тафтиши қазия ҷузъиёти расмие надодаанд. Аммо чанде аз омӯзгорон гуфтанд, ки хонандагон баъди бозпурсӣ озод шудаву ҳоло дар дасрҳо иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.