Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро кард

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбиро иҷро кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт соли ҳафтум инҷониб пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд. Полковник қайд кард, ки то субҳи имрӯз нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбиро иҷро кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт соли ҳафтум инҷониб пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд.

Полковник қайд кард, ки то субҳи имрӯз нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 70%: ВМКБ – 100%, вилояти Хатлон – 65%, Суғд – 53,3% ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 85,3% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд дар бораи хидмати ҳарбӣ қонуни нав қабул шуда бошад ҳам, ҳолатҳои сарбозшикор ё ба истилоҳ “облава” дар ҷараёни даъват хотима наёфтанд. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз ҷониби шахсони номаълум маҷбурӣ ба хидмат ҷалб кардани ҷавонон маълумот нашр мешавад.

Ин ҳодисаҳо натанҳо дар хонаи даъватшаванда, балки макони издиҳоми мардум – бозору мағоза, вокзалу истгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ рух медиҳанд ва дида мешавад, ки чӣ гуна ҷавононро дастгир ва маҷбурӣ ба автомашинаҳо шинонида, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд.

Мақомоти давлатӣ ин далелҳоро рад намуда, комилан ваҷҳи дигар меоранд. Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки шахсоне, ки даъватшавандагонро дастгир мекунанд, намояндагони онҳо нестанд.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳисобот медиҳанд, ки имсол шумори ихтиёриён ё худ хоҳишмандони хидмат зиёд буд.

Ва ҳеҷ касе ба истифодаи тарзу усули ғайриқонунии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар артиш таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.