Ҷузъиёти қоидаҳои нави хидмат: кӣ хидмати пулакӣ мекунаду кӣ бепул?

Ҷовид Пирзода,  сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бархе аз ҷузъиёти тағйирот дар шеваҳои хидмат дар Артишро гуфтааст. Ӯ дар як мусоҳиба бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” бархе аз навовариҳо дар хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистонро шарҳ додааст Пирзода гуфтааст, ки минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо […]

Asia-Plus

Ҷовид Пирзода,  сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бархе аз ҷузъиёти тағйирот дар шеваҳои хидмат дар Артишро гуфтааст. Ӯ дар як мусоҳиба бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” бархе аз навовариҳо дар хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистонро шарҳ додааст

Пирзода гуфтааст, ки минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Ӯ гуфтааст, ки тибқи тағйирот ба қонун, минбаъд ба онҳое, ки дар баробари донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбиро низ хатм кардаанд, баъд хатм хидмат ҳатмист.

“Ба шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм намудаанд, дар асоси моддаи 59 бо адо намудани 12 моҳи хидмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад”.

Пештар ин қабил  шаҳрвандон танҳо бо таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ дар донишгоҳ ва гузаштаи тамринҳои маҷмуии якмоҳа соҳиби рутбаи нахустини афсарӣ мешуданд, ки акнун ин тартиб лағв шудааст.

Аммо ин масъули Ситоди артиш гуфтааст, ки муқаррароти ин қонун ба онҳое, ки қабл аз қабули қонун кафедраҳои ҳарбиро хондаанд ё донишгоҳҳоро хатм кардаанд, барои даъват ба хидматии ҳатмии муҳлатнок ба сифати сержант ё сарбоз татбиқ намегардад.

Аммо  дар маврид хидмати пулакӣ ё бо пардохти пул  халос шудан аз масъулияти хидмати сарбозӣ, сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гуфтааст, ки то кунун ҳаҷми маблағ маълум нашудааст. Вале ӯ гуфтааст, ки ҳамаи онҳое, ки қобили хидмат дар сафи артиш ҳастанд, имкон доранд бо пардохти маблағ хидматро дар ҳайати захиравӣ адо кунанд.

“Дар асоси моддаи 37, ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд”.

Пирзода гуфтааст, ки барои муайян кардани ҳаҷми маблағ  ва шакли пулакии хидмат санади мушаххасе дар ҳоли омода шудан аст.

“Тартиби супоридани маблағ ва гузаштани хидмати ҳарбии мазкурро санади меъёрии ҳуқуқии алоҳида танзим менамояд, ки айни ҳол таҳия гардида, дар баррасӣ қарор дорад. Баъди ба имзо расидани он шакли хидмати ҳарбии мазкур татбиқ карда мешавад”.

Сардори шъбаи Ситоди артиш гуфтааст, ки қонуни нав  волидайни даъватшавандаро ба таври ҳатмӣ вазифадор мекунад, ки даъватномаро қабул кунад.

Ин масъули артиш гуфтааст, ки далели аслии рад шудани то 1 ё 1,5 сол кам кардани хидмат мавҷуд набудани шакли хидмати шартномавӣ дар Тоҷикистон будааст. Ӯ гуфтааст, ки дар кишварҳое, ки муҳлат камтар аст, омодагии ҷангии Артиш аз ҳисоби хидмати сарбозӣ таъмин мешавад.

Ба гуфтаи Пирзода ҳоло мувофиқи қонун нафарони зерин аз хидмати ҳарбӣ озоданд:

 – беморон;  

 – онҳое, ки хидмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд,

 – онҳое, ки барои ҷиноят аз озодӣ маҳрум шудаанд

аз хидмат ҳаққи озод шуданро доранд:

 – онҳое, ки аъзои оилаашон дар хидмати ҳарбӣ фавтидаанд,

 – онҳое, ки дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд

 – онҳое, ки дорои унвони номзади илм ё доктори илм мебошанд, ҳуқуқи аз даъват озод шуданро доранд.

 – онҳое, ки ҳақ доранд давраи хидматро ба таъхир бигузоранд:

– даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд – то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;

– онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд (дар давраи ваколат);

– онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар зинаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил мекунанд (дар давраи таҳсил)

– омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои ин кор);

– онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои ин кор);

– онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

Ҳамчунин тавре пештар гуфта мешуд, тибқи тағйироти ба қонун  шаҳрвандоне, ки дар сохторҳои низомӣ хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ ҳамчун афсар дохил шуданро доранд, дар асоси моддаи 38 бояд хидмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба сифати сарбоз ва сержант адо карда бошанд (ба истиснои донишгоҳу донишкадаҳои ҳарбӣ).

Инчунин минбаъд тибқи тағйирот дар мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод, гумрук ва Хадамоти иҷро шаҳрвандон танҳо баъд аз адои хидмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба кор пазируфта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.