Ворух дар ним рӯз нақшаи даъвати хидматро иҷро кард

Ду ҷамоати наздимарзии Исфара Ворух ва Чоркуҳи дар нахустин рӯзи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Имрӯз 1-уми апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ оғоз шуд. Бино ба иттилои дафтари  матбуоти раиси вилояти Суғд ин ду ҷамоат нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро кардааст. Ҷамоати Ворухи Исфара, ки бар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ду ҷамоати наздимарзии Исфара Ворух ва Чоркуҳи дар нахустин рӯзи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Имрӯз 1-уми апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ оғоз шуд. Бино ба иттилои дафтари  матбуоти раиси вилояти Суғд ин ду ҷамоат нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро кардааст.

Ҷамоати Ворухи Исфара, ки бар далели баҳсҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар сари забонҳост, яке аз нахустинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро кардааст. 

“Ин бори аввал нест, ки ҷавонони ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркуҳ дар нахустин рӯзи даъват муждаи зафар мерасонанд. Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух ва Чоркуҳ дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад”-хабар додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ба навиштаи манбаъ даъватшавандагонро бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ, ки дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳи хоса доир гардидааст, ба хидмати ҳарбӣ гусел кардаанд.

Ҷамоати Ворухи Исфара яке аз нукоти муҳими мавридди баҳс дар дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон аст. Ахиран раиси КДАМ Қирғизистон ҷузъиёти музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ҳар дукишварро, ки пеш аз Наврӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буд, расонаӣ кард. Ба гуфтаи Қамчибек Тошиев барои Ворух Қирғизистон ду вариант ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст: яке дубора чен кардани ҳудуд ва мази Воруху аз ҳудуди ин кишвар роҳ боз кардан барои рафту омада ба ин ҷамоат ва дигаре додани Воруху бар ивази он гирифтани 12 ҳазор гектар замин аз мавзеъҳои дигар вилояти Бодканд. 

Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ назарашро дар ин маврид нагуфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.