Даргузашти ҳунарманд ва ҳаҷвнигори саршинос Қиёмиддин Чақалов

Asia-Plus

Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди саршиноси театру синамо ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи наздикони ҳунарманд ӯ чанд вақти охир бемори шадид ва дар бемористони "Истиқлол"-и Душанбе бистарӣ буд. 

Қиёмиддин Чақалов Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, хатмкардаи риштаи ҳунарманди драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон буд, ки баъди хатми ин боргоҳ дар соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард. 

Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Нақшҳои кӯзагар аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз  “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” аз нақшҳои баёдмондании ҳунарманди хушном дониста мешаванд.

Ҳамчунин Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони як ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи шахсияти ҳунари ӯ буд.  

Ӯ28-уми апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада буд. Корро дар бахши ҳунар, ҳанӯз аз замони мактабхонияш дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Файзобод оғоз карда буд. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...