Даргузашти ҳунарманд ва ҳаҷвнигори саршинос Қиёмиддин Чақалов

Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди саршиноси театру синамо ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи наздикони ҳунарманд ӯ чанд вақти охир бемори шадид ва дар бемористони "Истиқлол"-и Душанбе бистарӣ буд.  Қиёмиддин Чақалов Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, хатмкардаи риштаи ҳунарманди драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди саршиноси театру синамо ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи наздикони ҳунарманд ӯ чанд вақти охир бемори шадид ва дар бемористони "Истиқлол"-и Душанбе бистарӣ буд. 

Қиёмиддин Чақалов Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, хатмкардаи риштаи ҳунарманди драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон буд, ки баъди хатми ин боргоҳ дар соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард. 

Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Нақшҳои кӯзагар аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз  “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” аз нақшҳои баёдмондании ҳунарманди хушном дониста мешаванд.

Ҳамчунин Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони як ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи шахсияти ҳунари ӯ буд.  

Ӯ28-уми апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада буд. Корро дар бахши ҳунар, ҳанӯз аз замони мактабхонияш дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Файзобод оғоз карда буд. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.