Иркутск-Кӯлоб: як ширкати дигари Русия низ барои мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт

Asiz-Plus

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" S7 Airlines барои анҷоми парвозҳо аз Иркутски Русия ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва баръакс иҷозатнома дарёфт кардааст. Дар ин бора Оҷонсии федералии ҳавонавардии Русия хабар медиҳад.

Санаи парвози аввал ва теъдоди парвозҳо ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба ин ширкат парвозҳо ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро иҷоза надодааст.

Тасмими додани иҷоза ба маънои аз сар гирифтани парвозҳои байналмилалӣ дар ин масир нест, ишора шудааст дар дастури дарёфти иҷоза. Гуфта шудааст, ки дар сурати барқарор шудани парвозҳо ин ширкат метавонад ин парвозро дар ин хатсайр анҷом диҳад. 

Ёдовар мешавем, ки Русия парвози ҳавоӣ бо Тоҷикистонро дар авоили моҳи апрел барқарор кард.

Дар ҳоли ҳозир, парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон тавассути хатсайри Душанбе-Маскав ва бозгашт бо теъдоди ду парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешаванд – як парвоз тавассути "UTair", як парвоз тавассути ширкати "Сомон Эйр".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.