Бунёди роҳи Обигарм -Тагикамар оғоз мешавад. Инро ҳам як ширкати чинӣ месозад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таърихи   12-уми апрел вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод марҳилаи якум, яъне  сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд.

Вазорати нақлиёт дар шарҳи қарордод менависад, лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар, сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул (бо масофаи умумии 1,7км) иборат аст.

Тибқи маълумоти Вазорат, маблағи умумии анҷоми корҳои дар боло зикршуда 178,1 млн долларро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои зерин сурат мегирад: Гранти Бонки осиёии рушд – 110 млн доллар; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллар;  Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 28,1 млн. доллар.

Азим Иброҳим зимни мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои судманд идома хоҳанд ёфт ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.

Бунёди қитъаи роҳи мазкур марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод мебошад. Амалисозии лоиҳа ба се марҳила тақсим карда шудааст.

Масофаи умумии роҳи мазкур 75 километрро ташкил дода, маблағи хароҷот ба он – 350 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Зарурати сохтмони роҳи нави Обигарм-Нуробод дар он ифода меёбад, ки ба андозаи пур шудани обанбори неругоҳи Роғун роҳи кӯҳна зери об мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.