Таъини намояндаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Русия Сергей Катирин дидору гуфтушунид кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, инчунин атрофи масоили таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар табодули назар карданд, хабар медиҳад намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия.

Сатторов ва Катирин баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи соҳавии муштаракро зарур донистанд, то ки дар онҳо соҳибкорони кишварҳо ба табодули назар ва таҷриба имкон дошта бошанд.

Дар вохӯрӣ ба сафир намояндаи фахрии таъиншудаи ПСС Русия дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Иҷрои ин вазифа ба уҳдаи соҳибкор Бобоҷон Шарифов вогузор шуда, 14 апрел ба ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин мақом супурда шуд.

Сергей Катирин доир ба рушди робитаҳо миёни сохторҳои тиҷоратӣ, инчунин байни ПСС Русия ва Тоҷикистон (то имрӯз байни палатаҳои минтақавии кишварҳо беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст) изҳори назар кард.

Тавре дафтари матбуоти ПСС Русия иттилоъ медиҳад, ба ақидаи ӯ, дар ин росто имкони афзоиши сатҳи гардиши мол байни кишварҳо, иштирок дар масоили сармоягузорӣ, ҳалли баъзе масоили гуманитарӣ ва бахши муҳоҷират вуҷуд дорад.

Сергей Катирин иштироки бештар фаъолонаи тиҷорати Тоҷикистонро дар чорабиниҳои марбут ба намоишгоҳҳои соҳавӣ дар Русия таъкид сохта, зикр кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи кишварҳо бояд бештар аз ин гуна чорабиниҳо дар ҳар ду кишвар огаҳӣ дошта бошанд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳозир Русия ба қувваи корӣ шадидан ниёз дорад, лекин дар навбати аввал, ба кадрҳои ҳирфаӣ.

“Муҳоҷирон набояд таваккалӣ оянд, ба кӯшишҳои баъзе ширкатҳо ҷиҳати истифодаи муҳоҷирон ба манфиатҳои худ муқовимат мебояд. Муҳоҷирони омадаро забони русӣ омӯхтаву ба мутобиқ гардиданашон кумак кардан лозим аст, то ки ба ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад. Умуман, дуруст мебуд, агар кадрҳо бевосита дар Тоҷикистон тайёр шуда, кормандон бо имкони доштани шароити хуби будубош ва маоши шоиста ба Русия оянд”, – гуфтааст Катирин.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.