ВКХ Тоҷикистон: “Мо САҲА-ро як платформаи муҳим барои муколамаи созанда мешуморем”

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки раиси кунунии САҲА, вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад.

Дар назар аст, ки имрӯз Анн Линдеро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.