Муҳлати амали сертификати донистани забони русӣ дар Русия кам шуд

Акнун ба муҳоҷирони корие, ки  ба Русия мераванд, лозим меояд, ки на бо гузашти ҳар панҷ сол мисли пешин, балки се сол дубора аз донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Сарвазир Михаил Мишустин дар ин хусус қарори марбута ба имзо расонид. Санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст. “Муҳлати амали сертификат […]

Asia-Plus

Акнун ба муҳоҷирони корие, ки  ба Русия мераванд, лозим меояд, ки на бо гузашти ҳар панҷ сол мисли пешин, балки се сол дубора аз донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Сарвазир Михаил Мишустин дар ин хусус қарори марбута ба имзо расонид. Санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

“Муҳлати амали сертификат (гувоҳнома)-и донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонугузории Русия <…> се сол аз замони додани он муқаррар карда шавад”, – гуфта мешавад дар санад.

Ҳамчунин мутобиқи ин қарор, сертификат барои гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВЖ) се сол амал мекунад. Дар навбати худ, муҳлати амали сертификат барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) номаҳдуд аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба таври кофӣ донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ба хориҷиён барои дастрас намудани иҷозаи кор ё патент дар Русия лозим аст.

Сертификат аз ҷониби муассисаҳои махсуси соҳаи маориф ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз ҳудуди он дода мешавад.

Вазорати маориф ва илм дар бораи кам кардани муҳлати амали сертификатҳои мазкур охири моҳи феврали соли 2021 пешниҳод ироа карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.