Шиддати болоравии нарху таърифаҳо дар Тоҷикистон. Чӣ аз ҳама бештар қимат шуд?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нарху тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ба андозаи 1,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,4%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,1% гарон шуданд.

Дар маҷмӯъ семоҳаи аввал сатҳи таваррум 3,3%-ро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 4,4%, маҳсулоти ғайриозуқа – 2,4% ва хизматрасонизои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,3 боло рафт.

Семоҳаи аввали соли 2020 мизони таваррум 2,6%-ро ташкил дода буд, яъне ба андозаи 0,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли равон.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Аз маҳсулоти хӯрокворӣ давоми се моҳи имсол аз ҳама бештар назаррас нархи картошка (30,4%), сабзавот (23,4%), шакару равған ва чарбу (7,5% ҳар кадоме), гӯшт (4,3%), мева (3,6%), шир ва маҳсулоти ширӣ (0,8%) зиёд шуд.

Болоравии арзиши маҳсулоти ғайриозуқа бештар дар бензин (18,2%), гази моеъ (7,8%) ва сӯзишвории дизелӣ (7,4%) ба мушоҳида расид.

Арзиши тарифҳо ба хизматрасонии пулакӣ аз ҳисоби гароншавии роҳкирои нақлиёти мусофирбар (1,5%) ва хизматрасониҳои маишӣ (1,2%) боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...