Тоҷикистон содироти барқро 43% зиёд карду “лимит”-ро бекор накард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2020 Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли барқро ба кишвари ҳамсоя дар ҳамин давраи соли ҷорӣ қариб ба андозаи 43% зиёд кард.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-март ба хориҷи кишвар маблағи 9 млн 719 ҳазор доллар барқ интиқол дода шудааст.

Маблағи барқи интиқолёфта дар ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 850 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистан сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, дар худи Тоҷикистон оид ба истифодаи барқ маҳдудият (лимит) амал карда, он расман аз 5 январ ҷорӣ шуд, ҳарчанд сокинони деҳот ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ гардидани интиқоли барқ шикоят мекарданд.

Ҳозир аҳолии деҳот рӯзона – аз соати 5-и субҳ то 23:00-и шаб бо барқ таъмин карда мешаванд.

Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.

Аваали ҳафта ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок тайёр карда тавонанд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра бартараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад, зеро 93%-и барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Лекин дар мавриди комилан бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (литит) ҳоло дар ширкати “Барқи тоҷик” ҳеҷ гуна тасмиме гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...