Ду асари Айнӣ дар ИМА ба инглисӣ нашр мешаванд

Ду очерки таърихии поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар тарҷумаи профессор Абдусалом Мамамдназаров қарор аст дар ИМА ба нашр бирасанд. Дар ин бора худи Мамадназаров зимни ҳамоиши илмиву адабии  «Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ»  дар Душанбе хабар дод. Абдусалом Мамадназаров профессори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллӣ гуфт, ӯ чанд сол пеш бо ибтикори худ […]

Меҳрофарини Наҷиб

Ду очерки таърихии поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар тарҷумаи профессор Абдусалом Мамамдназаров қарор аст дар ИМА ба нашр бирасанд. Дар ин бора худи Мамадназаров зимни ҳамоиши илмиву адабии  «Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ»  дар Душанбе хабар дод.

Абдусалом Мамадназаров профессори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллӣ гуфт, ӯ чанд сол пеш бо ибтикори худ очеркҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ»-и устод Айниро ба инглисӣ тарҷума кардааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр мешаванд.

Ба гуфтаи профессор Мамадназаров ҳоло чанд шарқшиноси маъруфи аврпуоиву амрикоӣ ба ин тарҷумаҳо тақриз менависанд ва баъди арзёбии онҳо замони дақиқи нашри сосори Айнӣ дақиқ хоҳад шуд. Матбааҳое, ки тасмими нашри ин осорро доранд мунтазири арзёбии коршиносон будаанд.

Ин донишманди тоҷик мегӯяд, ки ният дорад осори таърихии дигари устод Айниро ҳам дар минбаъда ба инглисӣ тарҷума кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.