Анҷоми марҳилаи навбатии модернизатсияи шабакаи МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Иттилоияи расмӣ

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ минтақаи фарогирии интернети мобилии 3G ва 4G-ро дар чунин шаҳру минтақаҳо ба монанди Хуҷанд, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров васеъ намуд. Ин анҷоми марҳилаи навбатии модернизатсияи шабака дар ҳудуди вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

Дар натиҷа на танҳо суръати интернети мобилӣ барои даҳҳо ҳазор сокинони минтақа баланд бардошта шуд, балки инчунин гузариши “босуръат”-и дастгоҳҳои абонентӣ байни шабакаҳои наслҳои гуногун таъмин гардид. 

Ҷараёни Модернизатсияи шабака дар оғози баҳор шурӯъ шуда, ҳам аз насби пойгоҳҳои нави базавӣ дар якчанд гаҳру навоҳии Суғд, ҳам аз модернизатсияи таҷҳизоти аллакай амалкунанда иборат буд. Ин имкон дод, ки суръати интернет баланд бардошта шуда, ҳиссаи пайвастагиҳои бомуваффақияти овозӣ ва интернетӣ зиёд карда шавад.

Инчунин модернизатсия ба такмили сифати сигнал дар дохили биноҳо мусоидат намуд. Боз як натиҷаи модернизатсия – таъмини “мунтазамии гузариш” аз як шабака ба шабакаи дигарба ҳисоб меравад. 

“Инфрасохтори навкардашудаи мо имкон медиҳад, ки гузариши дастгоҳҳо байни шабакаҳои 3G ва 4G ба таври мукаммал ташкил карда шавад. Ба қавли дигар, гаҷет ба зудӣ ва бетаъхир байни пойгоҳҳои базавии стандартҳои гуногун гузаришро анҷом медиҳад. Бо инкишофи шабакаи босуръати наслҳои сеюм ва чорум мо моҳиятан муштариёни рақамиро сармоягузорӣ карда, ба талаботу интизориҳои онҳо мутобиқ мешавем”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер Наимов.

Бо васеъшавии шабакаҳои 3G ва 4G ба мизоҷони оператор дар навоҳии Суғд имкониятҳои қулайи рақамӣ, ки дар асоси интернети босуръат амал мекунанд, дастрас мешаванд. Яке аз воситаҳои маъмултарин – замимаи мобилии “МегаФон Life” ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он метавон ба дӯстон паёмакҳо навишт, даъватҳоро анҷом дод ва ба табодули аксу видео машғул шуд. Замима инчунин имконияти истифодаи “Ҳуҷраи шахсӣ”-ро дар бар мегирад, тавассути он назорати хароҷотҳо, пуркунии ҳисоби абонентӣ, идоракунии хизматрасониҳою опсияҳо, ивази тарофа ва назорати бақияи бастаҳо имконпазир мебошад.

Бо ёрии “Ҳамён”-и “МегаФон Life” бошад, метавон тавозуни наздикон, аз ҷумла муштариёни операторони дигарро пур намуд, ё ҳаққи молу хизматрасониҳоро бо истифода аз маблағи ҳисоби телефон пардохт кард. Замима ҳам барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ҳам барои операторони дигари кандуии ҶТ дастрас аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...