Мусодираи 14 кг нашъаи 100 ҳазордолларӣ дар Ӯзбекистон: “аз Тоҷикистон овардаанд”

Раёсати амнияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон аз боздошт ва мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддире хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод аз Тоҷикистон ба ин кишвар қочоқ шудаанд. Дар пайи ин дар ин кишвар нафарони зиёде боздошт шудаанд, ки дар миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.  Бино ба навиштаи Оҷонсии миллии хабарҳои Ӯзбекистон Хадамоти амнияти давлатӣ […]

Раёсати амнияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон аз боздошт ва мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддире хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод аз Тоҷикистон ба ин кишвар қочоқ шудаанд. Дар пайи ин дар ин кишвар нафарони зиёде боздошт шудаанд, ки дар миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. 

Бино ба навиштаи Оҷонсии миллии хабарҳои Ӯзбекистон Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Сирдарё  дар як амалиёт чанд далели қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба ин кишварро ошкор кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони умури дохилӣ мошинеро дар роҳ аз ноҳияи Бекобод ба ноҳияи Букаи вилояти Тошканд боздошт кардаанд, ки аз дохили мошин 1 кг 879 гр  доруи синтетикии "амфетамин",  1 кг 822 гр "афюн" ва 3 кг 972 гр“ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маводи мухаддир марбут ба мусофири мошин, шаҳрванди Тоҷикистон Муллоҷон Ҳомидчонов, сокини ноҳияи Мастоҳи вилояти Суғд будааст.

Инчунин Хадамоти амнияти давлатӣ ва Раёсати корҳои дохилии Ӯзбекистон зимни як амалиёти дигар як сокини қаблан маҳкумшудаи вилояти Намангон Нодирбек Нишоновро боздошт кардаанд, ки ҳангоми фурӯши 1 кг “ҳашиш” ба маблағи 14 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст афтодааст.

Ин миқдор маводи мухаддирро як шаҳрванди доғи суди доштаи Қирғизистон Яъқуб Юсуфҷонов бо роҳи гардиш аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ворид карда, дар хонаи сокини дигари вилояти Намангон Дилшод Бойхонов пинҳон кардааст. Ҳангоми кофтуков аз хонаи ин шаҳрванди Ӯзбекистон 802 гр “афюн” ва 2 кг 917 гр  “ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст.

Кумитаи амнияи давлатии Ӯзбекистон дар як хабарнома нархии умумии маводи мухаддири мусодирашударо 100 ҳазор доллари ИМА гуфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора иттилои расмие надодаанд. Як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон  дар вилояти Суғд дар мавриди ин қазия ба "Азия-Плюс" изҳори бехабарӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.