Файзобод: ҳалокати 3 ҷавони зодаи Душанбе дар садамаи нақлиёт

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе 3 нафар ҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳалок шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, садама соати 22:30 дақиқаи шаб дар километри 49-уми роҳ, дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи  “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва дучори садама шудааст.

Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст”, – омадааст дар хабар. – Ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”.

Ба иттилои манбаъ, 3 нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол ва нафари сеюм 22-сола будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи сабаби садама иттилои мушаххас дар даст набуда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...