Кӯшониён: боздошти як сардухтур бар пайи ҳалокати чор нафар аз замбурӯғ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъди марги 4 бошандаи ин ниҳоя баъди заҳролудшавӣ аз хӯрдани занбурӯғ сардухтури як беморхонаи ҷамоатӣ боздошт шудааст. Аз 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки 27 март аз замбурӯғ заҳролуд шуда буданд то кунун 4 нафарашон фавтиданд.

Ин 11 нафар узви як хонавода аз деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буданд, ки 4 нафари онщо фавтид. Баъди фавтидани заҳролудшудагон додситонии ноҳия ба таҳқиқи қазия пардохтааст.

Ба гуфти як манбаъи аз қазия огоҳ, додситонӣ  бар он назараст, ки табибон ба беморон сари вақт ёрии зарури нарасонидаанд. Аз ин ин хотир додситонии ноҳияи Кӯшониён бар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар доираи ин парванда сардухтури Беморхонаи деҳотии №2 ҷамоати деҳоти Заргар Идибек Боймуродзода вадухтури навбатдори замони ҳодиса  М.Шарипов боздошт шудаанд.

Мувофиқи сарусадоҳо ва баъзе маълумоти ғайрирасмӣ аз манбаъҳои "Азия-Плюс" дар ин парванда боз пойи чанд табиби дигар низ кашида шудааст.

Худи духтур М.Шарипов чанд рӯз қабл дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори “Asia-Plus” гуфта буд, ки шабона вақте беморронро оварданд ман навбатдор будам. “Дидам вазъашон бисёр вазнин аст, муоина кардам ва тавися додам, ки фавран ба Беморхонаи вилоятии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов бубаранд, зеро мо дар ин беморхонаи деҳотӣ шароити расонидани ёрии заруриро ба ин гуна беморон надорем”, – гуфта буд Шарипов.

Як нафар аз ҳамдеҳагони фавтидаҳо гуфт, ки ҳамон шаб ин хонаводаро дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ё ба қавле "Қарияиболо" – шаҳри Бохтар бистарӣ карданд. Вале намедонем барои чӣ як рӯз пас онҳоро аз беморхонаи вилоятӣ ба беморхонаи деҳотӣ оварданд, ки ҳеҷ шароити нигоҳдории чунин беморони дар ҳолати вазнин қарор доштаро надорад?

Ба ин суол то кунун намояндаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳозир нашуданд посух бигӯянд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.