Писари Аҳмадшоҳ Масъуд: Хуни падарамро мебахшам, аммо барои ормонҳояш вориди сиёсат шудам

Аҳмади Масъуд, ягона писари Аҳмадшоҳ Масуъд – фармондеҳи ҷиҳод ва муқовимат ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа бо шабакаи "Тулуънеюс" мегӯяд, ки ӯ ба хотири омадани сулҳ дар Афғонситон омода аст хуни падарашро бибахшад, вале барои ормонҳое, ки падараш дунбол мекард, вориди сиёсат шудааст.  Ӯ дар ин мусоҳиба номгузории яке аз хиёбонҳои марказии […]

Аҳмади Масъуд, ягона писари Аҳмадшоҳ Масуъд – фармондеҳи ҷиҳод ва муқовимат ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа бо шабакаи "Тулуънеюс" мегӯяд, ки ӯ ба хотири омадани сулҳ дар Афғонситон омода аст хуни падарашро бибахшад, вале барои ормонҳое, ки падараш дунбол мекард, вориди сиёсат шудааст. 

Ӯ дар ин мусоҳиба номгузории яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Пориси Фаронсаро ба номи падараш намояндагии Масъуд аз исломи эътидолӣ дар Аврупо ва ҳамсӯиву ҳаназарии аврупоиён бо ин андеша унвон мекунад. 

Ӯ дар ин мусоҳиба аз Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони улгу, нишона ва талошу муборизаи тамоми мардуми Афғонистон дар муқобили ду тафаккури тотолитор: таҷовузи сурх (Иттиҳоди Шӯравӣ) ва таҷовузи сиёҳ ("Толибон") ном мебарад. Ва мегӯяд, ки омода аст барои сохтани як Афғонистони навин ва ба хотири сулҳ бо "Толибон" оштӣ кунад.

Ба суоли такрор ба такрори хабарнигор, ки агар дар қатли падаратон даст дошта бошанд ҳам мебахшед, Аҳмади Масъуд посух медиҳад, ки мебахшам. "Хуни қаҳрамони миллиро мебахшам, аммо ормонашро ба ҳеч унвоне ҳозир нестам фаромӯш кунам". 

Дидгоҳҳои дигари Аҳмади Масъудро, ки имрӯз номи Амири Ҷавонро гирифтаасту аз сӯйи ёрону ҳаводорони падараш барои пеш бурдани ормонҳои Аҳмадшоҳ Масуъд вориди рақобатҳои сиёсӣ шудааст, метавонед аз ин видео бубинед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.