Дар 4 ҳавза интихоботи миёндаврии парлумонӣ доир гардид

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз баргузории интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Ҷаббор Расулов, Деваштич, Балхӣ ва Вахш хабар медиҳад. Дар интихоботи рӯзи 18 апрел баргузоршуда ба ҷойи вакилони хориҷшуда инҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуданд: Файзулло Қосимӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – […]

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз баргузории интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Ҷаббор Расулов, Деваштич, Балхӣ ва Вахш хабар медиҳад.

Дар интихоботи рӯзи 18 апрел баргузоршуда ба ҷойи вакилони хориҷшуда инҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуданд: Файзулло Қосимӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов; Комрон Исмоилиён Комрон, фаъоли ҲХДТ – аз ҳавзаи интихоботии Деваштич; Ҳуснигул Одиназода, фаъоли ҲХДТ – аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ ва Мунаввар Абдусаломзода, ҳамчунин фаъоли ҲХДТ – аз ҳавзаи интихоботии Вахш.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода бинобар сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳояшро дар парлумон супурд.

Ҳамчунин қаблан моҳи июни соли 2020 Ҳоким Холиқзода аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ ба мансаби муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳояш дар парлумон қатъ шуд. Нимаи моҳи ноябр президент ӯро раиси Бонки миллӣ таъин кард.

Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафаров аввали моҳи октябри соли гузашта намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, дар ин робита парлумонро тарк кард.

Баҳодур Акрамзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов низ бо сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон ваколатҳояшро дар парлумон қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.