Дар Хуҷанд “Мактаби Оксфорд” сохта мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз майдони сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар маркази маъмурии вилоят боздид намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, сохтмони ин мактаб бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр ҷараён дорад. Гуфта мешавад, бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз майдони сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар маркази маъмурии вилоят боздид намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, сохтмони ин мактаб бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад ва алҳол дар сохтмони мазкур наздики 70 нафар бинокорон бомаром фаъолият доранд.

Интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии чумҳур дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

“Дар муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешавад, – омадааст дар хабар. – Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шавад ва ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса мароқ зоҳир гардад.

Зимнан зикр мегардад, ки Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд.

Солҳои охир дар мамлакат намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршуда таъсис гардида, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё омода шуда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.