Кӯшониён: боздошти як сардухтур бар пайи ҳалокати чор нафар аз замбурӯғ

Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъди марги 4 бошандаи ин ниҳоя баъди заҳролудшавӣ аз хӯрдани занбурӯғ сардухтури як беморхонаи ҷамоатӣ боздошт шудааст. Аз 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки 27 март аз замбурӯғ заҳролуд шуда буданд то кунун 4 нафарашон фавтиданд. Ин 11 нафар узви як хонавода аз деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буданд, ки 4 нафари […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъди марги 4 бошандаи ин ниҳоя баъди заҳролудшавӣ аз хӯрдани занбурӯғ сардухтури як беморхонаи ҷамоатӣ боздошт шудааст. Аз 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки 27 март аз замбурӯғ заҳролуд шуда буданд то кунун 4 нафарашон фавтиданд.

Ин 11 нафар узви як хонавода аз деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буданд, ки 4 нафари онщо фавтид. Баъди фавтидани заҳролудшудагон додситонии ноҳия ба таҳқиқи қазия пардохтааст.

Ба гуфти як манбаъи аз қазия огоҳ, додситонӣ  бар он назараст, ки табибон ба беморон сари вақт ёрии зарури нарасонидаанд. Аз ин ин хотир додситонии ноҳияи Кӯшониён бар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар доираи ин парванда сардухтури Беморхонаи деҳотии №2 ҷамоати деҳоти Заргар Идибек Боймуродзода вадухтури навбатдори замони ҳодиса  М.Шарипов боздошт шудаанд.

Мувофиқи сарусадоҳо ва баъзе маълумоти ғайрирасмӣ аз манбаъҳои "Азия-Плюс" дар ин парванда боз пойи чанд табиби дигар низ кашида шудааст.

Худи духтур М.Шарипов чанд рӯз қабл дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори “Asia-Plus” гуфта буд, ки шабона вақте беморронро оварданд ман навбатдор будам. “Дидам вазъашон бисёр вазнин аст, муоина кардам ва тавися додам, ки фавран ба Беморхонаи вилоятии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов бубаранд, зеро мо дар ин беморхонаи деҳотӣ шароити расонидани ёрии заруриро ба ин гуна беморон надорем”, – гуфта буд Шарипов.

Як нафар аз ҳамдеҳагони фавтидаҳо гуфт, ки ҳамон шаб ин хонаводаро дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ё ба қавле "Қарияиболо" – шаҳри Бохтар бистарӣ карданд. Вале намедонем барои чӣ як рӯз пас онҳоро аз беморхонаи вилоятӣ ба беморхонаи деҳотӣ оварданд, ки ҳеҷ шароити нигоҳдории чунин беморони дар ҳолати вазнин қарор доштаро надорад?

Ба ин суол то кунун намояндаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳозир нашуданд посух бигӯянд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.