Пирӯзии нахустини “Истиқлол” дар лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Asia-Plus

Бошгоҳи"Истиқлол"-и Тоҷикистон дар дувумин бозияш дар давраи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин пирӯзии "Истиқлол"-ро таърихӣ унвон кардааст. 

Бозии "Истиқлол" бо барандаи мақоми сеюми қаҳрамонии футболи кишвари ҳамсоя 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов (ду то) ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Ҳамчунин як голи дигарро  Йован Ҷокич, бозигари АГМК, ба дарвозаи дастаи худаш зад. Муаллифи ду голи АГМК Зафар Полвонов шуд.

Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо чоримтиёзӣ пешсаф шуданд. АГМК ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз чор бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии севуми худ "Истиқлол" рӯзи чоршанбеи 21-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) рақобат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...