Пирӯзии нахустини “Истиқлол” дар лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Бошгоҳи"Истиқлол"-и Тоҷикистон дар дувумин бозияш дар давраи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин пирӯзии "Истиқлол"-ро таърихӣ унвон кардааст.  Бозии "Истиқлол" бо барандаи мақоми сеюми қаҳрамонии футболи кишвари ҳамсоя 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов (ду то) ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Ҳамчунин як голи дигарро  Йован Ҷокич, бозигари […]

Бошгоҳи"Истиқлол"-и Тоҷикистон дар дувумин бозияш дар давраи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин пирӯзии "Истиқлол"-ро таърихӣ унвон кардааст. 

Бозии "Истиқлол" бо барандаи мақоми сеюми қаҳрамонии футболи кишвари ҳамсоя 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов (ду то) ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Ҳамчунин як голи дигарро  Йован Ҷокич, бозигари АГМК, ба дарвозаи дастаи худаш зад. Муаллифи ду голи АГМК Зафар Полвонов шуд.

Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо чоримтиёзӣ пешсаф шуданд. АГМК ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз чор бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии севуми худ "Истиқлол" рӯзи чоршанбеи 21-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) рақобат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.