Марги як сарбоз аз Деваштич: мақомот аз беморӣ фавтид, хонаводааш қабул надорад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дирӯз ҷасади Раҷабалӣ Назарови 19-сола, сарбозеро, ки гуфта мешавад дар  қисми низоми 15426 Қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб хидмат мекард, ба хонаводааш супурданд. Раҷабалиро дирӯз дар зодгоҳаш деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич ба хок супурданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ин сарбози марҳум моҳи сентябри 2020 довталабона ба артиш рафта буд, ки дар яке аз  қисмҳои низомии Хатлон хидмат мекард ва ҳамагӣ 5 рӯз пеш барои идомаи хидмат ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ бурда шуда буд.

Муҳриддин Назаров, бародари Раҷабалӣ, сарбози фавтида ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади додарашро субҳи рӯзи 21-ум апрел кормандони комиссариати ҳарбӣ ва масъулини чанд мақомот оварданд. Мақомот гуфтаанд, сабаби марги сарбоз  дарди шадиди гурда ва чанд иллати дигар аст, аммо пайвандонаш бовар надоранд ва мегӯянд, ӯ аз саломатии худ шикояте надошт.

“Ҳуҷҷате, ки ба мо нишон доданд, бемории гурдаҳо гуфтаанд, аммо гурда аз кор монад, лаб кабуд намешавад.  Болои бинияш каб-кабут аст ё бо қафои автомат ё бо ягон арматура сахт задаанд. Пушти сараш даридагӣ ва  баъзе ҷойҳои оринҷ осори захм дошт”, – мегӯяд бародари марҳум.

Аммо дар варақаи тиббие, ки ба оилаи Назаровҳо додаанд ва нусхаи он дар ихтиёри “Азия-Плюс” низ ҳаст, гуфта шудааст, ки сабаби марги сарбози ҷавон “варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасогии шадиди нафас ва кори дилу рагҳо” мебошад. Аммо хонаводаи Назаровҳо ба ин бовар надоранд ва мегӯянд,  Раҷабалӣ боре ҳам бистарӣ нашуда буд.

Муҳриддин Назаров иддао дорад, ки додараш аз беморие ҷон набохтааст, балки ӯро задаанд ва дар пайи шиканҷаи сахт ё марги маҷбурӣ фавтидааст. “Агар одам худаш фавтад, чаро чандин осеб дар тани ӯ ҳаст?”

Аммо дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз варақаҳои расмии тиббии марги ин сарбоз, қазияро дигар шарҳ надодаанд.  

Вай гуфт, падару як бародараш дар Русия ҳастанд ва баъди шунидани марги писар дар роҳ ба сӯйи Тоҷикистон мебошанд. Муҳриддин гуфт, падараш таъкид кардааст, ки ҳатман баъди расидан ба деҳа ҷасади Раҷабалиро аз хок берун мекунад ва такроран ба ташхис мебарад.

Хонаводаи Назаровҳо мегӯянд, ин қазияро то ба додгоҳ ва ниҳодҳои марбута мекашанд, то ба марги Раҷабалии ҷавон равшанӣ андохта шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...