ВКД Русия ваъда дод, ки муҳлати ҳузури муҳоҷирони ғайрирасмиро тамдид мекунад

ВКД Русия муҳлати ҳузури муҳоҷиронеро, ки ғайрирасмӣ дар қаламрави кишвар ҳузур доранд, дароз мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба воҳидҳои ин вазорат муроҷиат намоянд. Дар ин хусус рӯзи 21 апрел муроҷиатномаи дахлдори ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ нашр шуд. ВКД Русия ба муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд, боисрор тавсия медиҳад, ки […]

ВКД Русия муҳлати ҳузури муҳоҷиронеро, ки ғайрирасмӣ дар қаламрави кишвар ҳузур доранд, дароз мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба воҳидҳои ин вазорат муроҷиат намоянд. Дар ин хусус рӯзи 21 апрел муроҷиатномаи дахлдори ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ нашр шуд.

ВКД Русия ба муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд, боисрор тавсия медиҳад, ки ҷиҳати дароз кардани муҳлати будубоши муваққатии худ ба мақомоти ВКД ҳозир шаванд.

Дар матни муроҷиат гуфта мешавад, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки талаботи ҳузури қонуниро иҷро накардаанд, метавонанд “вазъи ҳуқуқиашонро бе таъини ҷазо танзим кунанд”.

“Мутобиқи амри президент <…>, ба шахсоне, ки дар қаламрави Русия бо қонуншиканиҳо тибқи қонунгузории муҳоҷират дар бораи будубош қарор доранд, ҷиҳати танзими мақоми ҳуқуқӣ бидуни таъини ҷазои дар ин ҳолатҳо пешбинишуда имкон дода мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Вазорат ба амри президенти Русия аз 18 апрели соли 2020 такя мекунад. Тибқи ин фармони Владимир Путин, дар робита ба пандемияи коронавирус муҳоҷирони корие, ки ҳузурашон то 15 марти соли 2020 қонунӣ буд, метавонистанд то 15 июни соли 2021 дар кишвар қарор дошта бошанд.

“Дар ин робита ба шахсоне, ки барои ҳузур дар қаламрави Русия асосҳои қонунӣ надоранд, боисрор тавсия дода мешавад, ки ба мақомоти минтақавии ВКД Русия дар маҳалли будубоши худ муроҷиат кунанд”, – таъкид доштаанд дар ВКД Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.