ВКД се ноболиғ ва як шахси 19-соларо дар куштори як ҷавони 24-сола гумонбар медонад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се ноболиғ ва як ҷавони 19-соларо дар куштори як сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар медонад.  Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки рӯзи 20-уми апрел як марди сокини шаҳри Душанбе ба милиса хабар додааст, ки баъди асри ҳамон рӯз писари 24-солааш аз сӯйи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ба қафаси синааш бо […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се ноболиғ ва як ҷавони 19-соларо дар куштори як сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар медонад. 

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки рӯзи 20-уми апрел як марди сокини шаҳри Душанбе ба милиса хабар додааст, ки баъди асри ҳамон рӯз писари 24-солааш аз сӯйи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ба қафаси синааш бо корд задаанд. Бар пайи ин зарбаи кор писараш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд",- хабар медиҳад ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ ин нафарон 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.