Таниши нав дар Овчи-Қалъача: марзбонони қирғиз ба миробҳои тоҷик иҷозаи обгирӣ надодаанд

Дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст, бар сари об  таниши нав сар задааст. Ин таниш рӯзи 20-уми апрел сар зада ва ҳоло гуфта мешавад, ки дирӯз мақомҳои маҳаллӣ мушкилро ҳал кардаанд.  Гуфта мешавад, ки ин таниш баъди он сар задааст, ки марзбонони қирғиз нагузоштаанд, […]

Дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст, бар сари об  таниши нав сар задааст. Ин таниш рӯзи 20-уми апрел сар зада ва ҳоло гуфта мешавад, ки дирӯз мақомҳои маҳаллӣ мушкилро ҳал кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки ин таниш баъди он сар задааст, ки марзбонони қирғиз нагузоштаанд, ки миробҳои тоҷик аз сойи Хоҷабоқирғон об бигиранд. 

Бино ба иттилоъи дарёфтии “Азия-Плюс” аз манбаъҳои ин деҳаи наздимарзии Овчи-Қалъача, сарҳадбонони қирғиз саргаҳи об дар яке аз дарвозаҳои канали Хоҷабақирғонро бастанд ва иҷоза надодаанд, ки миробҳои тоҷик барои заминҳояшон об гиранд.

Як манбаъ аз ин ҷамоат гуфт, дарвозаи обе, ки далели баҳси ҷонибҳо шуд, дар наздикии дидбонгоҳи марзбонони қирғиз ҷойгир аст. Аз ин дарвозаи об ба беш аз 200 гектар заминҳои деҳаи Пахтаобод об ҷорӣ мешудааст.

“Бастани маҷрои об аз сӯйи марзбонони қирғиз дар асл ягон маъние надошт. Саргаҳи обе, ки бояд аз дарвозаи канале, ки об меояд дар минтақаи баҳсноки сарҳадӣ ҷойгир аст. Ҷойе, ки ҳамон дарвоза ҳаст, пости сарҳадбонони қирғиз ҷойгир аст. Дар ҳамон ҷо ба миробҳо иҷозат надоданд.  Аммо канал, ҷӯй, об, дарвоза аз худи мо аст. Ин оби канали худамон Хоҷабақирғон, Ғӯлакандози собиқ мебошад.”-

Аммо Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчи-Қалъача мегӯяд, ҳамагӣ баъди як рӯзи баҳси бастани об аз суйи марзбонони қирғиз роҳбарони ду ноҳияи наздимарзии Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Қирғизистон масъаларо дар ҷояш рафта ҳал карданд.

Вале далели монеъ шудани марзбонони қирғизро ин мақомдори маҳаллӣ шарҳ надод.

“Дирӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, раиси ҷамоати Овчи-Қалъапча ва аз ҷониби Қирғизистон раиси ноҳияи Лайлак Бекмурод Боймуродов ва раиси деҳаи Қулундии ин кишвар ба ҳамон минтақаи баҳс рафта, гуфтушунид карданд ва масъалаи об ҳал шуд ва обро кушоданд. Саргаҳи обкушоӣ дар деҳаи Садаи Қирғизистон ҷойгир аст. Сарчашмаи ин об аз кӯҳҳои худамон меояд, вале беш аз 100 километр марзи Қирғизистонро убур карда мегузарад”.

Аз ин дарвозаи обкушоӣ хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Пахтаободи ҷамоати Овчи-Қалъача ва заминҳои деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов обёрӣ мешаванд.

Ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя мутаносибан 22,5 км ва 18,4 км марзи муштарак доранд. 

Дар нуқтаҳои марзӣ ва баҳсноки Тоҷикистон бо Қирғизистон баҳсҳо бар сари об дар мавсими кишту кор ҳамасола сар мезананд. Чанд рӯз пештар, рӯзи 17 апрел чунин як баҳс дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ҳам сурат гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.