Хушбинии вакили дифои Иззат Амон: “Талош дорем парванда қатъ карда шавад”

Сайидбурҳон Шарипов ҳимоятгари Иззат Амон – вакили мудофеи муҳоҷирони меҳнатӣ ва  мудири “Маркази тоҷикон” дар Маскав, мегӯяд талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад. Ин ва дигар ҷузъиёти парвандаи Иззат Амонро худи Сайидбурҳон Шарипов имрӯз бо “Азия-Плюс” шарик кард. Шарипов гуфт, ки то кунун […]

Сайидбурҳон Шарипов ҳимоятгари Иззат Амон – вакили мудофеи муҳоҷирони меҳнатӣ ва  мудири “Маркази тоҷикон” дар Маскав, мегӯяд талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад. Ин ва дигар ҷузъиёти парвандаи Иззат Амонро худи Сайидбурҳон Шарипов имрӯз бо “Азия-Плюс” шарик кард.

Шарипов гуфт, ки то кунун парвандаи Иззат Амон танҳо бар асоси як моддаи кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ тафтиш шудаа истодааст, ки зерҳимояааш 4 шикояти нисбат ба ӯ воридшударо эътироф карда,  1 шикояти дигар эътироф накардааст. «Зерҳимояи мо як ҳолатро эътироф накард ва имкон дорад инро суд бубинад. Вақте ҳолатеро эътироф намекунад, дар суд бояд исботи худро ёбад».

Ин вакили дифоъ мегӯяд, ки зерҳимояааш ба ҷинояте гумонбар аст, ки  ҷинояти ошкоро буда, ягон   паҳлӯву мушкилии дигар надорад.

Ӯ гуфт, «мо низ талош дорем парвадаи мазкур қать гардида, ҳимоятгари ман озод карда шавад. Инчунин мувофиқи қонуни афви соли 2019, агар ҷиноятҳое, ки зарарҳои моддӣ доранд ва ин зарарҳо барқарор карда шаванд, авф  нисбати боздоштшуда татбиқ карда мешавад».

Сайидбурҳон Шарипов гуфт, то кунун зерҳимояаш ба СИЗО ё боздоштгоҳи тафтишотӣ интиқол нашуда то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД қарор дорад. Ӯ бар ин аст, ки «умед дорем, ки ба СИЗО интиқол нашуда, парванда ҳалли худро пайдо кунад».

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел яке аз наздикони Иззат Амон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба онҳо гуфтаанд, ки фардо ӯро ба СИЗО мебаранд.

Аммо вакили дифои Иззат Амон нагуфт, ки қарор аст додгоҳи зерҳимояаш кай баргузор шавад. 

Шарипов мегӯяд, ки имрӯз низ бо зерҳимояаш вохӯрӣ дорад ва то ин дам ӯ аз шароити нигаҳдорияш розӣ буда, аз чизе шикоят надорад.

«Нисбаташ рафтори ношоиста нест ва тибқи қонун парванда баррасӣ гардида истодааст. Бояд бигӯям, ки  вазъи саломатияш низ хуб буда, аз чизе шикояте надорад».

Пештар наздиконаш гуфта буданд, ки вазъи сиҳатии Иззат Амон нохуб шудаву онҳо ба ӯ дору бурда буданд.

Дар суҳбати 16-уми апрел бо "Азия Плюс" яке аз надикони Иззат Амон дар бораи навҳаи боздошт ва ба Душанбе овардани ӯ гуфта буд, ки аз вақте, ки ӯ дар Маскав бедарак шуду онҳо ӯро меҷустанд, ҳеч иттилое наёфтанд. Баъадан дар изҳороти ВКД гуфта шуда буд, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шуд. Аммо Иззат ба хона наомада буд, агар ӯ худаш ба Душанбе меомад бояд ба хона меомад, ҷойи дигар рафтан наметавонист. Вале мо баъди чанд рӯзи кофту коб, баъди нашри изҳороти ВКД фаҳмидем, ки дар Душанбе ҳасту боздошт шудааст, гуфта буд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.