Дар Ӯзбекистон аз растанӣ доруи коронавирус тайёр карданд

Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар як иттилоияи худ доруи зиддивирусии Рутанро, ки бар асоси растании Rhus coriaria Totum (сумах, тотум) таҳия шудааст, ягона доруи самаранок зидди вируси SARS-COV-2 номидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана. Дору аз ҷониби Пажуҳишгоҳи кимиёии биоорганикии Академияи илмҳои Ӯзбекистон таҳия шудааст (www.biochem.uz). Озмоиши дору дар пойгоҳи беморхонаи махсуси бузургтарин дар Ӯзбекистон – Зангиота […]

Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар як иттилоияи худ доруи зиддивирусии Рутанро, ки бар асоси растании Rhus coriaria Totum (сумах, тотум) таҳия шудааст, ягона доруи самаранок зидди вируси SARS-COV-2 номидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Дору аз ҷониби Пажуҳишгоҳи кимиёии биоорганикии Академияи илмҳои Ӯзбекистон таҳия шудааст (www.biochem.uz).

Озмоиши дору дар пойгоҳи беморхонаи махсуси бузургтарин дар Ӯзбекистон – Зангиота (вилояти Тошканд) гузаронида шуда, дар натиҷа ба истифодаи дору зимни беморҳои вазнини миёнаи аз COVID-19 пайдошуда ва илтиҳоби шуш бо осеби 30%, инчунин ҳамаи штаммҳои зуком иҷоза шуд.

Айни замон дору дар корхонаи муштараки China-Uzbekistan Medicine Technical Park ва ширкати Radik истеҳсол мешавад. Арзиши як давраи муолиҷа ҳудуди 100 ҳазор сӯм (9,5 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки доруи Рутан комилан бехатар буда, илова бар ин, воситаи пурсамари зиддиоксидантӣ ва зиддигипоксантӣ мебошад.

Ба истифодаи доруи Рутан дар тибби Ӯзбекистон аз соли 2015 иҷоза дода шудааст. Нахуст онро дору аз зуком арзёбӣ мекарданд. Тобистони соли гузашта, замони авҷи пандемия зикр гардид, ки Рутан ба коҳиши таъсири вируси SARS COV-2 ба андозаи 78,3% қодир аст. Онро ҳатто ба сифати кумаки башардӯстона ба Эрон фиристода буданд.

Қобили зикр аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир шумори сироят аз коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишвар 326 ҳолати нави сироятёбӣ, зиёда аз 200 ҳолат дар Тошканд ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.