Манбаъ аз Вазорати дифоъ: ҷузъиёти марги сарбоз дар Мурғобро гуфт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Як манбаъ аз Вазорати дифои кишвар ҷузъиёти марги Раҷабалӣ Назарови 19-сола, сарбозеро, ки дар қисми низоми 15426 Қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб хидмат мекард, дар ихтиёри “Азия-Плюс” гузошт.

Мо барои наҷоти ҷони сарбоз чи корҳое накардем. Бо чархболи вазорат ӯро аз бемористони Мурғоб ба бемористони Дарвоз  ва аз бемористони Дарвоз боз ба Мурғоб интиқол додем, то зинда монад. Аммо аз сабаби норасои шадиди нафас майнаи сар варам мекунад ва ба ҳалокат мерасад,-мегӯяд манбаъ.  

Ҷасади Раҷабалиро кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич ва бархе мақомоти дигар субҳи 21-уми  апрел ба хонашоон дар деҳаи Каҷровути ноҳи Деваштичи вилояти Суғд бурданд.

Дар варақаҳои тиббие, ки ҳамроҳ бо ҷасади Раҷабалӣ дар ихтиёри хонаводааш гузоштаанд, гуфта мешавад ва ҳамчунин намояндаҳои мақомот гуфтаанд, ки далели марги сарбоз “варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасогии шадиди нафас ва кори дилу рагҳо” мебошад.

Аммо хонаводаи ин сарбози ҷавонмарг ба ин хулоса шубҳа карданд ва гуфтанд, ки вақте ҷасадро дидан “болои бинияш каб-кабуд аст ё бо қафои автомат ё бо ягон арматура сахт задаанд. Пушти сараш даридагӣ ва баъзе ҷойҳои оринҷ осори захм дошт”.

Аммо ин манбаъи Вазорати дифоъ гуфт, асли кор ин аст, ки Раҷабалӣ Назаров, дар ҳақиқатан соли 2020 ба Қуваҳои мусаллаҳ, дар як қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон даъват шуда хидмат мекард. Баъдан ӯро ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Куҳистони Бадахшон интиқол медиҳанд.

“Пас аз чанд рӯзи хидмат, аз сабаби мутобиқ нашудан ба бо боду ҳавои ноҳияи Мурғоб мазаш мегурезад. Дар асл ӯ бачаи тануманди соз буд, ягон нуқс надошт. Аммо ба боду ҳавои Мурғоб тоб наоварда саломатияш вазмин мешавад, нафаскашияш душворӣ мегардад. Баъдан ӯро ба беморхонаи ноҳияи Мурғоб меоранд, вале  мебинанд, ки вазияти саломати ин ҷавон беъдтар шуда истодааст. Ба хулосае меоянд, ки шояд барои бо мошин ба ҷойи дигар бурданаш дер шавад, чархболи Вазорати дифоъро дархост карда ӯро ба беморхонаи ноҳияи Дарвоз бурданд. Дар беморхонаи Дарвоз саломатии Раҷабалӣ Назаров, вазминтар шуда, ӯро боз ба беморхонаи Мурғоб мебаранд. Вақте чархбол дар Мурғоб фуруд меояд, Назаров аллакай  аз дунё гузашта буд”.

Манбаъ мегӯяд, барои он ки шубҳа боқӣ намонад ӯро ба беморхона мебаранд, ҷасадро ташхис мекунанд, даели марги сарбозро муайян карданд, ки ягон осори лату кӯб нест.

Назаров ҳатто бо тамоми ҳайати ҳамхизматҳояш он қадар хуб шинос нашуда буд, чунки ба наздикӣ ба Мурғоб барои идомаи хзидмат бурда шуда буд. Он хабарҳое, ки гӯё ӯ лату куб шудааст асос надорад. Вазорати мудофиа умуман чӣ коре, ки барои наҷоти ин ҷавон лозим буд кард. Ягон сардори қисми қисми ҳарбӣ намехоҳад, ки ягон ҷиноят содир шавад ё сарбозе фавтад. Мо розием, ки агар гуноҳ аз ҷониби роҳбари қисми низомӣ бошад бигзор ҷазояшро гирад, -изҳор мекунад манбаъи Вазорати дифоъ.

Ба назари ин манбаъи масъули  вазорат, он  сатҳи раҳму шафқате, ки дар хидмат аст дар ягон ҷой нест. Хоҳ бовар кунед хоҳ не, сабаби асосии фавти Назаров норасои шидати нафас аст, ки дар натиҷа майнаи сар варам мекунаду ба ҳалоқат мерасад. 

Хонаводаи Назаров замоне, ки ҷасадро ба хок супрданд гуфта  буданд мавзуъро ба додгоҳ мебаранд. Вале баъди як рӯз дар шабакаи фейсбук видеое бо номи "Муроҷиати амаки сарбози фавтида Раҷабалӣ Назаров" нашр шуд, ки дар он марде худро Алиназар Назаров муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки амаки сарбоз Назаров аст ва онҳо ҳеч шикояте надоранд ва ба ҳеч куҷо шикоят намекунанд.

Аммо маълум нест ин видео аз сӯйи кӣ ва дар чӣ шароите сабту нашр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...