Истиқлол” дастаи пурқувваттарини Осиёро дар Лигаи қаҳрамонҳо мағлуб кард

Дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 дар гурӯҳи “А” тими “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳисобро футболбозони “Ал-Ҳилол” боз намуда, лекин футболбозони тоҷик дар идома ба дарвозаи ҳариф 4 гол заданд. Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ду […]

Asia-Plus

Дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 дар гурӯҳи “А” тими “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳисобро футболбозони “Ал-Ҳилол” боз намуда, лекин футболбозони тоҷик дар идома ба дарвозаи ҳариф 4 гол заданд. Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ду голӣ ба ҳадаф расониданд.

Ба туфайли ин ғалаба қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. Зинаи дуюмро “Ал-Ҳилол” бо 7 имтиёз, зинаҳои сеюму чорумро бо 4-холӣ “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва АГМК (Ӯзбекистон) ишғол мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дастаи футболи “Ал-Ҳилол” қаҳрамони 16-каратаи Арабистони Саудӣ ва 3 маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Бозии давраи панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро “Истиқлол” рӯзи сешанбе, 27 апрел бо тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” баргузор мекунад. Бозӣ соати 23:55 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.