Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ гуфтугӯ кард

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Имрӯз, 23 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл. “Масоили густариши ҳамоҳангӣ дар доираи иттиҳодҳои ҳамгироӣ дар паҳнои авруосиёӣ, аз ҷумла бо назардошти раёсати Тоҷикистон соли […]

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имрӯз, 23 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.

“Масоили густариши ҳамоҳангӣ дар доираи иттиҳодҳои ҳамгироӣ дар паҳнои авруосиёӣ, аз ҷумла бо назардошти раёсати Тоҷикистон соли 2021 дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд”, – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масоили вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари рушди вазъият дар Афғонистон табодули назар карданд.

Сарони кишварҳо рӯҳияи мутақобилаи тарафайнро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчиии Тоҷикистону Русия тасдиқ намуданд.

Доир ба ба баррасии баъзе паҳлӯҳои ҳамкории мутақобила байни идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар созиш ҳосил шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳоло дар бораи ин суҳбати телефонӣ чизе хабар надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.