Вазорати кишоварзӣ: истеҳсоли гӯшт зиёда аз 8% афзуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз семоҳаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ кард. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Вазорат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ифодаи пулӣ зиёда аз 1,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 6,1% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ВМКБ ба андозаи 1,3%, вилояти Суғд – 7%, ннавоҳии тобеи марказ – 3,1 афзуд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар Ҳисор 31,5% ва ноҳияи Рӯдакӣ ба андозаи 4,1% кам шуд.

Дар ин давра кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 3,8 ҳазор тонна сабзавот ва наздики 16 тонна мева истеҳсол карданд, ки дар муоқиса бо ҳамин давраи соли пешин мутаносибан 27% ва 25% зиёдтар мебошад.

Тавре дар Вазорат зикр мекунанд, истеҳсоли гӯшт 8,1% зиёд шуда, ҳудуди 43 ҳазор тоннаро ташкил дод. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 300 тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Ғайр аз ин, дар ин давра 655 тонна моҳӣ, зиёда аз 188 ҳазор тонна шир ва наздики 230 млн дона тухм истеҳсол шудааст.

Нархҳо поин намераванд

Сарфи назар аз афзудани истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ифодаи фоизӣ, ҷумҳурӣ талаботи аҳолиро ба маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи меъёрҳои истеъмол қонеъ карда натавонист. Дар ин росто афзоиши талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, коҳиши воридот, таваррум, болоравии арзиши аслии маҳсулот бар асари гароншавии маводи сӯзишворӣ, хароҷот ба нақлиёт, хӯрокаи чорво, нуриҳои минералӣ ва маводи кимиёвӣ барои соҳаи растанипарварӣ дар болоравии босуръати нарх ба маҳсулоти кишоварзӣ таъсири зиёд расонид.

Аз ҷумла бо вуҷуди афзоиши истеҳсол, нархи тухму гӯшт боло рафт. Имрӯз дар бозор 1 кило гӯшт 60-70 сомонӣ ва як қуттӣ тухм (30 дона) – 35-36 сомонӣ нарх доранд.

Ба ақидаи коршиносон, сабаби асосии гароншавии тухм воридоти хӯрокаи парандаҳо аст. Истеҳсолкунандагон хӯрокаро дар бозор бо нархи миёнаи 8-9 сомонӣ барои 1 кило мехаранд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода дар нишасти хабарии моҳи феврал изҳор дошта буд, ки “соли 2020 дар кишвар 983 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуда, барои пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот бошад, на камтар аз 1,6 млрд дона тухм дар як сол лозим аст”. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имрӯз дар Тоҷикистон шумори корхонаҳои парандапарварӣ то 177 адад расидааст, ки 43 адад зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Қобили зикр аст, ки ба гароншавии гӯшт ҳамчунин нархҳо ба хӯрокаи чорво ва арзиши худи чорво низ таъсир расонид.

Тибқи ҳисобу китоби тахминӣ, маҳсулоти чорводории дар семоҳаи аввал истеҳсолшуда ба ҳар як сари аҳолӣ нишондиҳандаҳои зеринро ташкил дод:

Гӯшт – 4,5 кило (мувофиқи меъёрҳои истеъмол ба 1 нафар дар 1 моҳ 3,4 кило лозим аст);

Моҳӣ – 0,07 кило (ё 69 грамм ба ҷойи 2,1 кило);

Шир – 20 литр (ба ҷойи 28,5 литр);

Тухм -24 дона (ба ҷойи 45 дона);

Сабзавот – 0,4 кило (ба ҷойи  41,1 кило, ин ҷо хусусияти мавсимии истеҳсоли сабзавоту меваро ба назар гирифтан лозим аст, ки ҳатман тобистон зиёд мешавад).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...