Маҳфили “Ганҷи сухан” барои беҳтарин шеър озмун эълон кард

Озмуни “Беҳтарин шеър” байни адибони тоҷик ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида мешавад. Озмуни бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳамдастӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузаронида мешавад. Озмун 19-уми […]

Озмуни “Беҳтарин шеър” байни адибони тоҷик ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида мешавад.

Озмуни бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳамдастӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмун 19-уми майи соли 2021 дар нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” адабиётшинос Саидумрон Саидов хабар дод, озмун аз ду шарт иборат аст:

1. Кулли адибони кишвар бо 10 шеър аз анвои суннатӣ ва озод дар мавзӯи дилхоҳ (бидуни осори муҳташами манзум) иштирок карда метавонанд. Ашъор бояд дар ҷое ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп нашуда бошад.

2. Намунаи ашъори ба озмун пешниҳодшуда довталабон бе зикри номашон таҳти рақами муайян ба 3 нафар довари озмун, ки исмашон махуф нигоҳ дошта мешавад пешниҳод мегардад.

Қабули маводҳо ба озмун аз рӯзи нашри эълон сар карда, то 15 майи соли 2021 қабул мешаванд.

Иртибот барои маълумоти бештар:

Почтаи электронӣ [email protected].

Телефон 92 772-77-07

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.