Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Date:

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, ҷиҳати беҳбуди этимоднокии ҳифзи сарҳад дар фазо ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси Низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таҳия намуданд, иброз доштааст Шойгу. ва илова намудааст, ки "пешниҳод мекунам, ки дар фарҷоми вохӯрӣ созишномаи мазкур ба имзо расонида шавад”.

Ӯ ҳамчунин намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба Конфронси 9-ум оид ба амнияти байнулмилалӣ, Форуми байнулмилалии ҳарбӣ-техникӣ ва Бозиҳои байнулмилалии артиш даъват намуд.

Шойгу хабар дод, ки Русия ба зиёд кардани шумори хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои олии ҳарбии Русия омода буда, воҳидҳои низомии кишварро дар тамринҳои стратегии “Запад-2021” интизор аст.

“Дар доираи СААД баргузории якчанд тамринҳо дар назар буда, моҳи сентябр воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистонро дар тамринҳои низомии муштараки “Запад-2021” мунтазирем”, – иброз доштааст вазири мудофиаи Русия.

Ӯ зикр кардааст, ки Русия баҳри таҳқими иқтидори ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷумҳуриро бо муҳимоту ҷангиву техника таъмин карда, дар макотиби олии ҳарбии Русия барои артиши Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ тайёр мекунад.

“Айни замон зиёда аз 500 нафар хизматчии ҳарбии шумо дар муассисаҳои мо таҳсил карда, дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамасола то 1 ҳазор мутахассисон аз давраҳои омодагӣ мегузаранд. Ба зиёд кардани ҳам таҳсилкунандагону ҳам ихтисосҳо омодаем”, – изҳор доштааст Сергей Шойгу.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...