Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд. Тавре Интерфакс хабар медиҳад, ҷиҳати беҳбуди этимоднокии ҳифзи сарҳад дар фазо ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси Низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таҳия намуданд, иброз доштааст […]

Asia-Plus

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, ҷиҳати беҳбуди этимоднокии ҳифзи сарҳад дар фазо ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси Низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таҳия намуданд, иброз доштааст Шойгу. ва илова намудааст, ки "пешниҳод мекунам, ки дар фарҷоми вохӯрӣ созишномаи мазкур ба имзо расонида шавад”.

Ӯ ҳамчунин намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба Конфронси 9-ум оид ба амнияти байнулмилалӣ, Форуми байнулмилалии ҳарбӣ-техникӣ ва Бозиҳои байнулмилалии артиш даъват намуд.

Шойгу хабар дод, ки Русия ба зиёд кардани шумори хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои олии ҳарбии Русия омода буда, воҳидҳои низомии кишварро дар тамринҳои стратегии “Запад-2021” интизор аст.

“Дар доираи СААД баргузории якчанд тамринҳо дар назар буда, моҳи сентябр воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистонро дар тамринҳои низомии муштараки “Запад-2021” мунтазирем”, – иброз доштааст вазири мудофиаи Русия.

Ӯ зикр кардааст, ки Русия баҳри таҳқими иқтидори ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷумҳуриро бо муҳимоту ҷангиву техника таъмин карда, дар макотиби олии ҳарбии Русия барои артиши Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ тайёр мекунад.

“Айни замон зиёда аз 500 нафар хизматчии ҳарбии шумо дар муассисаҳои мо таҳсил карда, дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамасола то 1 ҳазор мутахассисон аз давраҳои омодагӣ мегузаранд. Ба зиёд кардани ҳам таҳсилкунандагону ҳам ихтисосҳо омодаем”, – изҳор доштааст Сергей Шойгу.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.