Изҳороти Ятимов: “ба мувофиқа расидем, фоҷиа набояд такрор шавад”

Asia-Plus

Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, имрӯз баъд аз анҷоми вохурӣ ва музокирот бо ҳайати ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки онҳо ҷиҳати қатъи тирпаронӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар марз ба мувофиқа расиданд.

“Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем дар наздиктарин фурсат тамоми мушкилотро ҳал кунем, то ки мардумони мо чун ҳамеша дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд”, –  гуфт Ятимов

 Ӯ гуфт, “фоҷеае ки дар ноҳияҳои наздимарзӣ рух дод, ҳеҷ гоҳ набояд тарор шавад, зеро дар ин минтақа сокинони осоиштаи ду кишвар зиндагӣ мекунанд”.

Ятимов музокироти имрӯзро хеле натиҷадор унвон кард 

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ҳам баъди ин музокирот гуфт, ки мо протоколи иборат аз чор бандеро имзо кардем, ки  ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

“Имрӯз мардумони мо рӯзҳои сахтеро мегузаронанд, даврони буҳрониро. Дар мо фоҷиа рух дод, фоҷиаи ду кишвар. Барои мо бисёр душвор буд, ки дар ин рӯзҳо мулоқот кунему корро пеш барем,  вале бо вуҷуди ин ҳама бо дастури сарони кишварҳоямон мо  ин нишастро гузаронидем. Дар натиҷа тавофуқ кардем, ки  даргириҳои мусаллаҳона комилан қатъ мешавад ва неруҳоро аз марз берун мекашем".

Ба ҷуз ин, сар аз имрӯз бо талошҳои ҳамсояҳои муҳтарам ва мо, Худо кунад, ки сулҳу суботи комил  дар кишварҳои мо биояд, хусусан дар манотиқи марзӣ. Мо хеле умедворем, ки тасмимҳои гирифтаи мо, ки дар протокол зикр шудаанд, иҷро мешаванд,-гуфт Тошиев. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.