Наврасон дар пойтахт хонаи ҷавонзанро ғорат карданд

Як зани 30-солаи сокини пойтахт ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шаби 2-юми май шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 78 ҳазор сомониро дуздидаанд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар медиҳад, аз рӯйи далели ғайриқонунӣ ба манзили ҷавонзан ворид шудан ва дуздии пул 3 нафар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як зани 30-солаи сокини пойтахт ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шаби 2-юми май шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 78 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар медиҳад, аз рӯйи далели ғайриқонунӣ ба манзили ҷавонзан ворид шудан ва дуздии пул 3 нафар ноболиғони синни 15-16-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҷуз ноболиғон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидони онҳо низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.