КҲФ: бар асари сангрезӣ дар Панҷакент 112 нафар беҷо шудааст

Дар қаламрави деҳаи Ғезани ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 5 май ҳодисаи сангфароӣ ба қайд гирифта шуд. Ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш бошандагони 29 хонавода иборат аз 112 нафар ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент […]

Asia-Plus

Дар қаламрави деҳаи Ғезани ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 5 май ҳодисаи сангфароӣ ба қайд гирифта шуд. Ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш бошандагони 29 хонавода иборат аз 112 нафар ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент айни замон дар ҷойи ҳодиса ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида машғул аст.

Сухангӯи Кумита иттилоъ дод, ки дар километрҳои 438, 443 ва 447-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, дар наздикии мавзеи Хехеки ноҳияи Ванҷ низ ҳодисаи сангфароӣ ба қайд гирифта шуда, ба муваққатан баста шудани роҳ дар ин қитъаҳо боис гардидааст.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби Хадамоти нигаҳдории роҳи Вазорати нақлиёт техника ҷудо шуда, ҳозир роҳ тоза ва воситаҳои нақлиёт тариқи он равуо доранд.

Ҳамин рӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар бар асари боришоти пуршиддат сатҳи об дар дарёҳо боло рафта, бисёре аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об монданд.

“Дар натиҷаи болоравии сатҳи об дарёи Оби Мазор қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об монда, ду хона қисман зарар дид ва дар ҷамоатҳои Лоҳутӣ, Ҷонбахт ва Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг пул ва банди об тахриб шудааст”, – иброз дошт Юсуфӣ.

Боронҳои сел ҳамчунин ба он оварда расониданд, ки лойқа ба 15 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт ва боғҳои сокинони деҳаи Чилдухтарони ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи Муъминобод осеб расонид. Ғайр аз ин, лойқа 20 километр роҳ ва 3 пули байни деҳаҳои Кӯлчашма, Геш ва Лиҷакорро баст”, – гуфт сухангӯи Кумита.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси муҳандисӣ сафарбар шуда, корҳо идома доранд.

“Хушбахтона, дар ҷараёни офатҳои табиии рухдод талафоти ҷонӣ нест”, – илова кард Умеда Юсуфӣ.

КҲФ хотиррасон менамояд, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, то 7 май дар ҷумҳурӣ хавфи фаромадани селу сангреза, болоравии сатҳи об дар дарёҳо боқӣ мемонад. Аз аҳолӣ дархост мешавад, ки эҳтиёткор бошанду ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.