Тайи 1 шабонарӯз 2 ноболиғ дар Душанбе ғарқ шуд

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави пойтахт ду ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳар ду ноболиғ ҳам назди обанбор бе назорати калонсолон қарор доштаанд.

“Нимаи дуюми рӯзи 6 май ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар расид, ки дар обанбори Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ як кӯдак ғарқ шудааст, – хабар доданд дар КҲФ. – Вақте наҷотбахшони Кумита ба ҷойи ҳодиса омаданд, маълум шуд, ки ғарқшуда – ноболиғи 12-солаи сокини пойтахт бо дӯстонаш дар ҷойи барои оббозӣ пешбининашуда ба об даромада, базудӣ ғарқ шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, бо ёрии ғаввос (водолаз) ҷасади писарча аз об берун оварда шуда, ба наздиконаш супурда шуд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дод.

“Ҳангоми бозӣ дар соҳил сокини 7-солаи Душанбе ба об афтода, маҷрои тези об дар сонияҳои башумор ӯро зери об мекашад. Наҷотбахшони Кумиита дар пойтахт фавран ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин аз он натиҷае ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯ идома доранд”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2021 дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои ҷумҳурӣ 19 нафар ғарқ шуд: синни то 4 сола – 5 нафар, аз 5 то 10-сола – 2 нафар, аз 11 то 16-сола – 2 нафар, аз 17 то 35-сола – 6 нафар ва синии аз 35-сола боло 4 нафар.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба волидон хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои бехатариро ҳангоми ҳузур доштан назди обанборҳо ва дар об риоя кунанд. Оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки бо шароити зарурӣ таъмин нашудааст, манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.