Тайи 1 шабонарӯз 2 ноболиғ дар Душанбе ғарқ шуд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави пойтахт ду ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳар ду ноболиғ ҳам назди обанбор бе назорати калонсолон қарор доштаанд. “Нимаи дуюми рӯзи 6 май ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар расид, ки дар обанбори Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ як кӯдак […]

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави пойтахт ду ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳар ду ноболиғ ҳам назди обанбор бе назорати калонсолон қарор доштаанд.

“Нимаи дуюми рӯзи 6 май ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар расид, ки дар обанбори Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ як кӯдак ғарқ шудааст, – хабар доданд дар КҲФ. – Вақте наҷотбахшони Кумита ба ҷойи ҳодиса омаданд, маълум шуд, ки ғарқшуда – ноболиғи 12-солаи сокини пойтахт бо дӯстонаш дар ҷойи барои оббозӣ пешбининашуда ба об даромада, базудӣ ғарқ шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, бо ёрии ғаввос (водолаз) ҷасади писарча аз об берун оварда шуда, ба наздиконаш супурда шуд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дод.

“Ҳангоми бозӣ дар соҳил сокини 7-солаи Душанбе ба об афтода, маҷрои тези об дар сонияҳои башумор ӯро зери об мекашад. Наҷотбахшони Кумиита дар пойтахт фавран ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин аз он натиҷае ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯ идома доранд”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2021 дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои ҷумҳурӣ 19 нафар ғарқ шуд: синни то 4 сола – 5 нафар, аз 5 то 10-сола – 2 нафар, аз 11 то 16-сола – 2 нафар, аз 17 то 35-сола – 6 нафар ва синии аз 35-сола боло 4 нафар.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба волидон хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои бехатариро ҳангоми ҳузур доштан назди обанборҳо ва дар об риоя кунанд. Оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки бо шароити зарурӣ таъмин нашудааст, манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.