Сели пурхисорот дар Ашт бар пайи борони шадиди 6-уми май

Бар асари борони пуршиддати бегоҳии 6-уми май дар чанд рӯдхонаи ноҳияи Ашт сел омадааст, ки хисороти бузурге бар ҷой гузоштааст. Беш аз 8 км роҳ ва 10 пул дар ин ноҳия тахриб шудаанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мегӯяд, ки ин селхезиҳо талафоти ҷонӣ надорад. Бориши шадиди борон тақрибан соати 17:50 дақиқаи бегоҳии 6-уми май оғоз шуда, боис ба омадани […]

Бар асари борони пуршиддати бегоҳии 6-уми май дар чанд рӯдхонаи ноҳияи Ашт сел омадааст, ки хисороти бузурге бар ҷой гузоштааст. Беш аз 8 км роҳ ва 10 пул дар ин ноҳия тахриб шудаанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мегӯяд, ки ин селхезиҳо талафоти ҷонӣ надорад.

Бориши шадиди борон тақрибан соати 17:50 дақиқаи бегоҳии 6-уми май оғоз шуда, боис ба омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Пунук, деҳаи Ғудосии Ошоба шудааст.

Диловар Ҳамдамов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт бар асари селфароӣ асосан роҳҳои мошингард, қисман пулу хонаҳо зарар дидааст. Вале ӯ мегӯяд, ҳоло омори хонаҳои аз селфароӣ зарардида дақиқ нест ва ин омори пешакӣ буда, комиссия дар ин самт корро оғоз кардааст. 

“Дар натиҷаи селфароӣ асосан роҳҳои автомобилгард ва пулҳои маҳаллӣ зарар дидааст. Аз ҷумла дар ҷамоати Ашт тахмин 8 километр роҳ,  дар ҷамоати Пунук тахмин 700 метр роҳ,  дар деҳаи Ғудоси ҷамоати Ошоба тахмин 1 километр роҳ қисман вайрон шудааст. Танҳо дар ҷамоати деҳоти Ашт 10 пули хурду калон вайрон шудааст”-гуфт, Диловар Ҳамдамов.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар як маълумоти фаврӣ гуфтааст, сатҳи об дар сойҳо каме паст фаромада,  вале дар роҳҳои вайроншуда  имкони ҳаракати воситаи нақлиёт мавҷуд нест.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бо мақсади ҳифзи аҳолӣ дар минтақаҳои мазкур навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, таҳти назорати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ашт қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.